Дар Маскав тобеияти 12 нафар афроде, ки дар сӯхтори бозори Качалово ҷон доданд, маълум шудааст. Каромат Шарипов- раиси ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба радиои Озодӣ гуфт, ин 12 нафар шаҳрвандони Узбакистон аз Сурхундарё будаанд ва чун онҳо бо якдигар ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекардаанд, посбонони бозор онҳоро чун шаҳрванди Тоҷикистон қабул карда будаанд. Шахсияти 5 нафари дигар дақиқ карда мешавад. Ба гуфтаи Шарипов, ба ҷуз аз кормандони ин бозор дар он ҷо ҳамчунин одамони бесарпаноҳ дар ивази 60-70 рубли русӣ шабро рӯз мекардаанд ва сокинони муваққатӣ будаанд. Соҳиби амбор соати 8-и бегоҳ дарвозаи амборро мебастааст, то субҳ аз “муштариёнаш” ҳақи “хобгоҳ”-ро бигирад ва онҳоро ба баромадан иҷоза диҳад. Ҳоло соҳиби амбор фирор кардааст ва вайро ҷустуҷӯ мекунанд. Вай то ҳол ба занги телефонии кормандони додситонӣ ҷавоб надодааст.