Амрико барои маълумот $10 миллион ҷоиза эълон кард

Амрико барои хабаре, ки заминаи боздошти Ҳофиз Муҳаммад Саид -муассиси гурӯҳи Лашкари Таибаи Покистонро фароҳам созад, 10 миллион доллар ҷоиза эълон кардааст. Мақомоти Покистон мегӯянд, ки ҳоло Ҳафиз Муҳаммад Саид раҳбарии Ҷамоати Даъворо бар ӯҳда дорад. Ба гуфтаи мақомот, эҳтимол меравад, ки вай масъули ҳамлаи Мумбаи Ҳиндустон дар соли 2008 бошад. Дар ин ҳамла 165 нафар кушта шуданд. Амрико барои маълумот дар бораи Ҳофиз Абдулраҳмон-муовини Лашкари Таиба 2 миллион доллар пешниҳод кардааст. Лашкари Таиба дар соли 1980 бо кӯмаки хадамоти кашфи Покистон ташкил шуда буд, то шӯришиёни ҳиндро дар қаламрави баҳсбарангези Кашмир саркӯб кунад. Соли 2002 Покистон зери фишори Амрико фаъолияти Лашкари Таибаро мамнӯъ эълон кард.