Даргузашти кӯдакон аз камбуди ғизо дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ ё Бунёди Кӯдаки СММ мегӯяд, камбуди ғизо дар Тоҷикистон ҳар сол ҷони 7500 нафар кӯдаки зери панҷсоларо мегирад. Дар эломияи муштарак ин ду муассисаи ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки набуди ғизои муносиб дар ин ҷумҳурии ақибмондаи иқтисодӣ мушкили эҳсосшаванда боқӣ мондааст. Дар гузориш омадааст, аз ҳар се кӯдак ҷуссаи як нафараш ба сини худ баробар нест ва камғизоӣ мушкили зиндагии онҳо будааст. Ин эъломия дар ҳоле пахш мешавад, ки 30 март Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи кобинаи вазирони худ гуфт, пурхӯрӣ одати тоҷикон аст ва аз ҳамватанон хост, ки барои ҳифзи саломатӣ камтар бихӯранд ва бештар ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд.