Баёния роҷеъ ба вазъи равобит бо Узбакистон

breaking news

Баёнияи матбуотие, ки рӯзи 2 апрел дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия нашр шуд, раҳбарияти Узбакистонро ба идомаи таъқиби роҳи мухолифат ва истифодаи фишангҳои фишори иқтисодиву иртибототие айбдор мекунад, ки “водор кардани Тоҷикистон ба пазируфтани тасмимҳои ба сӯди Тошкандро ба ҳадаф дорад”.
Бино бар ин санад, Узбакистон аз соли 2010 ба таври мунтазам тавассути манъи қасдонаи вагонҳо даст ба муҳосираи иқтисодии манотиқи ҷанубу маркази Тоҷикистон задааст. Дар ин робита аз 17 ноябр ба ин сӯ баста будани роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба –Амӯзанг, оғози тахриби ин қитъаи роҳи оҳан, мушкилоти мавҷуда дар масъалаи воридоти гази Узбакистон ба Тоҷикистон ва манъи транзити нирӯи барқи Туркманистонро мисол овардаанд. Баҳси ду кишвар дар масоили дигари доғе, чун тақсими об, сохтани нирӯгоҳҳо, фаъолияти ТАЛКО, минагузории марзҳо, то ҳол аломатгузорӣ нашудани марзи ду кишвар низ дар ин баёнияи матбуотӣ аз соҳоти дигари танишзо дар равобити Душанбеву Тошканд номбар шудааст.
Маълум нест, ки ин баёнияи расмии вазорати хориҷии Тоҷикистон аст ё сафорати Тоҷикистон дар Маскав, вале муаллифонаш, ин ҳама мавориди номбаршударо аломати муҳосираи иқтисодии эълоннашуда ва пайвастаи Тоҷикистон хонда, гуфтаанд, ки ҳадаф бесубот кардани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон аст. Ба ақидаи онҳо, чунин вазъият вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистонро боз ҳам бадтар карда, таҳдиди як фалокати башариро дар пай дорад.