10 ҳолати изтирорӣ дар пайи боришоти ахир

Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи боришоти охир 10 ҳолати изтирорӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи ин идора, дар натиҷаи офоти табиӣ 15 манзил, 2 мактаб, чанд пул ва майдонҳои зиёди кишт осеб дидаанд. Кумитаи ҳолоти изтирорӣ мегӯяд, дар пайи боришот дар Мастчоҳу Ашт, Тоҷикобод, Ишкошим, Варзоб ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа тармаву ярч ва сел омадааст.