Покистон занони Бин Лоданро ҷазо дод

Додгоҳи Покистон аъзои хонаводаи Усома бин Лодин, раҳбари кушташудаи созмони террористии Ал-Қоидаро, ба 45 рӯзи зиндон маҳкум карда ва амр додааст, 110 долларӣ ҷарима пардозанд. Ҳукми се зани Усома бин Лодин, ки ду нафари онҳо аз Арабистони Саудӣ ва саввумӣ аз Яман будаанд, рӯзи душанбе содир шуд. Онҳо ба убури ғайриқонунии марз ва иқомати ғайриқонунӣ дар қаламрави Покистон гунаҳкор дониста шуданд. Додгоҳ ҳамчунин ба ҳукумати Покистон амр дод, то масъалаи бозпас фиристодани ин занон ба ватанашҳояшонро ҳал кунад. Шоҳрух Арҷманд, додраси додгоҳ гуфт, аз он хотир, ки ин занон як муддати тӯлонӣ дар боздоштгоҳ буданд, онҳоро метавонанд ба зудӣ озод карда ва то ду ҳафтаи дигар ба кишварашҳояшон баргардонанд. Хонаводаи Усома бин Лоданро баъди қатли худи ӯ дар моҳи майи соли гузашта дар Покистон боздошт карданд. Бин Лодинро нерӯҳои махсуси амрикоӣ дар як амалиёти махфӣ дар шаҳри Абутобод куштанд.