Дар ҳоле, ки Қирғизистон ангушти ишораро ба сӯи Тоҷикистон баланд кардааст.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ҳамчунин маълумотро мақомоти кишвараш дар ихтиёр надоранд.
Дар ҳоле ки гуфта мешавад, ин гурӯҳи маргталабон аз хоки Тоҷикистон убур карда то Қирғизистон расидаанд. Бакит Алимбеков, муовини аввали вазири корҳои дохилии Қирғизистон дар порлумони ин кишвар изҳор доштааст, ки як гурӯҳи маргталаб вориди хоки Қирғизистон шуда, мехоҳад як силсила амалиёти террористиро роҳандозӣ кунад.
Вай афзудааст, дар ин бора ба мақомоти Тоҷикистон ҳам муроҷиат кардаанд, то ин иттилоъро дақиқ бикунанд.
Ба қавли ӯ, ин гурӯҳ мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) аст ва иттилоъ дар ҳоли ҳозир таҳқиқ мешавад.
Ҳамин мақоми Қирғиз ҳамзамон таъкид кардааст, ки ҳамасола чандин овоза дар мавриди вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳ ба Қирғизистон пахш мешавад, ки баъдан тасдиқи худро пайдо намекунанд.
Тибқи иттилои расонаҳо, порлумони Қирғизистон воқеияти ин иттилоъро ба баррасӣ гирифтааст, зеро мувофиқи он гурӯҳи маргталаб бояд дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, моҳи апрел амалиёти террористӣ анҷом диҳад.