Боздошт барои қасдан гузаронидани ВИЧ-СПИД

Дар Тоҷикистон бори аввал як нафар барои қасдан гузаронидани маризии ВИЧ-СПИД боздошт шудааст. Бино ба як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон, як нафар дар вилояти Хатлон боздошт шудааст, ки дар қайди маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД қарор дошта, аз тарафи марказ оиди сирояткунанда будани бемориаш ва нагузаронидани ин бемори ба дигарон огоҳонида шуда будааст. Аммо ба қавли ин манбаъ, соли равон ӯ хонадор шуда, ҳамсарашро зери хавфи сироят қарор додааст. Ҳоло алайҳи ӯ аз аз рӯи моддаи 125, қисми 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - огаҳона олуда кардани нафари дигар бо маризии сироятӣ оғоз карда шуд.