Насби камераҳои назоратӣ дар масҷидҳои Кӯлоб

Дар ҳама масоҷиди шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб камераҳои назоратӣ насб шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун дар ҳама масҷидҳои шаҳри Душанбе камераҳои назоратӣ насб шудааст. Ин амр ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон сурат мегирад. Зимнан, дар Кӯлоб панҷ масҷиди ҷомеъ ва беш аз 50 масҷиди панҷвақта фаъол аст.

Дар муассисаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон насби наворгир ё дурбинҳои назоратӣ аввали соли гузашта оғоз ёфт. Ин иқдом дар сояи амалҳои террористии солҳои ахир ва бар асоси амри раисҷумҳури Тоҷикистон анҷом мешавад.

Ба дунболи ин амри раиси ҷумҳур, дар пойтахти кишвар низ қарори шаҳрдори Душанбе нашр шуда буд, ки ҳамаи муассисоту идораҳо ва корхонаву марказҳои фароғативу истироҳатии давлативу хусусӣ муваззаф шуда буданд, то 15-уми апрели соли 2011 насби наворгирҳои назоратиро анҷом диҳанд.

Барои муассисаву корхонаҳо, харҷи насби наворгирҳои назоратӣ аз буҷаи мақомоти маҳаллӣ ихтисос дода шуда буд. Аммо корхонаҳои хусусӣ ин иқдомро бо сармояи худ анҷом доданд.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дурбинҳои назоратӣ