Бино ба хабарҳо, дар даргириҳо байни ҷангиён ва артиш дар ҷануби Яман дастикам 17 сарбоз ва 12 ҷангӣ кушта шудаанд. Як мақоми низомӣ гуфт, чирикиҳо посгоҳи низомиеро дар минтақаи Маллоҳи вилояти Лоҳиҷ ғасб карданд ва давлат бо оташи тӯпхонаҳо ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ба онҳо посух дод. Мақомот дар ин ҳамла як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоидаро, ки як бахши қаламрави ҷануби Яманро таҳти назорат дорад, айбдор мекунад.