Ду рӯз боз лимити барқ дар аксари манотиқи Тоҷикистон сабуктар шудааст. Ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, лимит расман лағв нашудааст, вале ба сурати озмоишӣ тавзеъи муттасили барқ ба манзилҳои мардумро шурӯъ кардаанд. Лимити барқ дар Тоҷикистон аз 12 октябр ҷорӣ шуда, дар моҳи март боз ҳам шадидтар гардид ва “Барқи Тоҷик” инбор аз лағви ин лимит ҳатто дар рӯзҳои Наврӯз худдорӣ карда буд.