Полиси Маскав мегӯяд, наздик ба 55 тазоҳуркунандаи зиддидавлатиро дар Майдони Сурх боздошт кардааст. Мухолифон дар ин ҷо бо наворҳои сафед, ки рамзи эътирози зидди сарвазир Владимир Путин шудаанд, ҷамъ омаданд, вале полис яке аз даромадгоҳҳои майдонро ба рӯи онҳо баст. Наздик ба 300 нафар аз сафеднаворон дар назди дарвоза дасти ҳам гирифта, ҳалқа истоданд ва шиор заданд, ки “Ин шаҳри мост!”, “Русия озод хоҳад шуд!” ва “Русия бе Путин!”. Путин дар моҳи май даври севуми раёсатҷумҳурияшро шурӯъ хоҳад кард.