“Ихвон-ул-муслимин”-и Миср номзади худро дар интихоботи президентии ин кишвар муайян кард. Қаноти сиёсии ин созмон, бо номи Ҳизби Озодӣ ва Адолат, Ҳайрат ал-Шотирро, ки ноиби раҳбари “Ихвон-ул-муслимин” ва аз тоҷирони муваффақи Миср ба мақоми раисиҷумҳури кишвар пешбарӣ кард. Ҳизби Озодӣ ва Адолат дар интихоботи порлумонии Миср, нахустин интихобот пас аз барканории Ҳуснӣ Муборак дар соли гузашта, бартарӣ ба даст овард. Он ибтидо гуфта буд, дар интихоботи президентӣ, ки нахустин раъйдиҳии озод ва одилона эълом шудааст, ширкат нахоҳад кард. Пирӯзии Шотир ба “Ихвон-ул-муслимин” имкон медиҳад, ки саҳнаи сиёсии Мисрро зери тасарруф орад ва ин ба маънии равобити мушкилтаре бо Исроил ва Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд. Даври аввали интихоботи президентӣ охири моҳи май баргузор хоҳад шуд.