Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ тавофуқ кардаанд, ки даври нави гуфтушунид сари барномаи ҳастаии Теҳронро рӯзҳои 13-14 апрел дар Истанбул баргузор намоянд. Дар нишасти хабарӣ дар Арабистони Саудӣ, Клинтон гуфт, “даричаи Эронба ҳалли осоишта то абад боз нахоҳад монд.” Даври пешинаи чунин гуфтушунид дар моҳи январи соли 2011 дар Истанбул ҷараён ёфта, бенатиҷа ба поён расида буд. Он вақт ду тараф натавонистанд, ҳатто сари рӯзномаи баҳс ба созиӯ расанд. Гуфтушуниди Эрон бо Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин дар ҳоле баргузор мешавад, ки таҳримҳои зидди Эрон ба маротиб шиддат ёфта, фишори бештари онҳо дар се моҳи дигар ба авҷ хоҳад расид.