62000 мошини тамғаи "Мазда" нуқси тормоз доштаанд

Ширкати мошинбарории “Mazda Motor” мегӯяд, зиёда аз 62000 мошинеро, ки ба Чин фурӯхтааст, бозпас мехоҳад, зеро онҳо дар системаи тормоз ё фишанги исти худ мушкил доранд. Дар соли 2010 ширкати “Мазда” наздик ба 17000 сабукрави тавлидкардаашро бино ба айни чунин мушкил боз хоста буд. Ин ширкат бахше аз корхонаи муштараки “Ford Motor” ва “Чонгкин Чанган Автомобил” дар Чин аст.