Имрӯз намояндагони гурӯҳи панҷгонаи “Хати сайри Шимолӣ” Афғонистону Қирғизистон, Русияву Амрико ва Тоҷикистон дар Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе паси дарҳои баста мулоқот анҷом доданд. Саъдулло Раҳматуллоев-сухангӯи дафтари матбуотии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, ҷонибҳо масъалаи амалиёт бар зидди шабакаҳои "наркобарон" дар минтақаро баррасӣ мекунанд. Мулоқот 30-юми март ба кори худ поён медиҳад.