Дар Украина қурбонии таҷовузи ҷинсӣ даргузашт

Эътирози мардум барои Оксана Макар

Мақомоти беҳдоштии Украина мегӯянд, як хонуми 18 сола, ки мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта буд, даргузаштааст. 9 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Миколаев воқеъ дар ҷануби Украина ба номуси Оксана Макар 3 марди ҷавон таҷовуз карданд ва хостанд вайро оташ зананд. Онҳо талош карданд, ки Оксанаро буғӣ кунанд ва ҷасадашро оташ зананд. Вале вай зинда монд ва вайро ба бемористон интиқол доданд. Баъдтар Оксана аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон даргузашт. Ин ҳодиса дар Украина хашми мардумро барангехт. Ин 3 нафар боздошт шуданд, вале ду нафари онҳо фарзандони кормандони ҳукуматӣ будаанд ва пулис бо ришва онҳоро раҳо кард. Аммо баъд аз эътирози мардум онҳоро дубора боздошт карданд ва ҳоло онҳо барои таҷовуз ба номус муттаҳам дониста мешаванд. Севвумӣ барои талоши куштор низ муттаҳам мебошад.