Нахустин мулоқоти низомиёни амрикоиву покистонӣ баъди як соли ранҷишҳо

Фармондеҳи артиши Покистон генерал Ашфақ Каёнӣ бояд бо генералҳои амрикоӣ нахустин мулоқоти худро баъди соли гузашта аз ҷониби нирӯҳои ҳавоии НАТО кушта шудани 24 сарбози покистонӣ дар марз бо Афғонистон доир кунад. Ин ҳодиса боиси сард шудани равобити миёни ду кишвар шуд. Мақомот гуфтанд, ки рӯзи чоршанбе мулоқоти фармондеҳи аршали нирӯҳои марказии Амрико Ҷеймс Маттис ва фармондеҳи аршади нирӯҳо дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен баргузор шавад. Ин мулоқот дар Исломобод, як рӯз баъди музокираҳои президенти Амрико Барак Обама ва нахуствазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ, ки дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ доир шуд, ҷараён мегирад.