Кофӣ Анон барои баҳси Сурия ба Чин меравад

Кофӣ Анон, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Араб ва Созмони Милал, рӯзи душанбе гуфт, ҳукумати раиси ҷумҳури Сурия Башшор Асад наметавонад дар баробари “боди дигаргунӣ” истодагарӣ кунад. Ӯ афзуд, набояд иҷоза дод, то бӯҳрони Сурия ба дарозо кашад ва гуфт, ҳанӯз таъйини ҷадвали замонӣ барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрон барвақт аст. Кофӣ Анон дар ин бора қабл аз парвозаш ба Чин дар фурудгоҳи шаҳри Маскав сӯҳбат кард. Русияву Чин аъзои доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал ду қатъномаи шӯро алайҳи Сурияро вето гузоштанд. Айни замон ҳукумати Сурия ба барномаи сулҳи Кофӣ Анон посух додааст, ки ҳадафи он поён додан ба хунрезӣ, интиқоли кӯмакҳои башарӣ барои мӯҳтоҷон ва оғози муколама миёни ҳукумат ва гурӯҳҳои мухолифи давлат аст.