Пешниҳоди лағви виза барои тоҷирони тоҷику афғонӣ

Пул миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим.

Раисиҷумҳури Афғонистон пешниҳод кард, ки дарёфти виза барои тоҷирони тоҷику афғонӣ лағв шавад.
Дар чаҳорчӯби баргузории панҷумин ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон дар шаҳри Душанбе, анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон низ баргузор шуд.

Ба ҷуз аз Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар ин анҷуман раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон иштирок карданд. Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои ширкат накардани Аҳмадинажод, ҳузур надоштани соҳибкорону тоҷирони эронӣ дар ин анҷуман будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар оғози анҷумани соҳибкорон ҳамкориҳои тиҷоратиро омили рушди пойдори кишварҳои минтақа хонда ва гуфтааст, "ин гуна намоишгоҳҳо ва анҷуманҳо ба муаррифии бештари имкониятҳои воқеии иқтисодиёти кишварҳои мо муосидат мекунад."

Вай махсусан дар мавриди ду намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодии Афғонистон дар шаҳри Душанбе таъкид карда ва афзудааст, доираи ҳамкориҳои соҳибкорону тоҷирони тоҷику афғонӣ бештар мешавад. Президент Раҳмон бар эҷоди шароити мусоиди сармоягузорӣ, бахусус фаъолияти
соҳибкорону тоҷирон дар қаламрави Тоҷикистон таъкид карда ва гуфтааст, бояд дар заминаи замони раводиди онҳо, осониҳое пешбинӣ шавад.

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон зимни истиқбол аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои густариши фазои соҳибкорӣ, хосса, фаъолияти тоҷирони афғонӣ гуфт, "лағви виза ё раводид барои соҳибкорон метавонад боз ҳам ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишварро тақвият бубахшад."

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта бархе аз соҳибкорону тоҷирони афғон аз мушкили дарёфти ба мавқеи раводиди Тоҷикистон шикоят карда буданд.

Бар асоси омори расмӣ мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар як соли гузашта ба 200 миллион доллар расида ва ин рақам дар муқоиса ба соле пеш ду баробар бештар будааст.