Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳамоиши Душанбе саҳифаи наверо ҷиҳати талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи барқарорсозӣ ва рушди иқтисодии Афғонистон муҳим арзёбӣ кард. Ба қавли президенти Тоҷикистон, бо он ки қаблан ҳамоишҳое баргузор шуда ва тасмимҳое дар робита ба Афғонистон гирифта шудааст, аммо натоиҷи иҷрои онҳо қонеъкунанда нест.
Ба ин далел раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳияи механизми ҷадидеро дар ҳамоиши Душанбе дар ин замина таъкид кард. Ҷаноби Раҳмон суботи минтақаро ба оромии Афғонистон марбут донист ва гуфт, "сулҳи комил барои Афғонистон чун обу ҳаво зарур аст ва ин барои минтақа, бахусус Тоҷикистон хеле муҳим аст."
Ин аст, ки раисиҷумҳур гуфт, Тоҷикистон ҷонибдори стратегияи фарогири таъмини босуботи Афғонистон аст ва бояд ба ҷанбаи иқтисодӣ ва иҷтимоии он таваҷҷӯҳи бештар дода шавад. Ҳамзамон президенти Тоҷикистон калиди асоси суботу оромӣ ва рушди иқтисодии Афғонистонро дар дасти худи афғонҳо арзёбӣ кард ва гуфт, Тоҷикистон аз талоши давлати Афғонистон дар заминаи таъмини сулҳу субот ҷонибдорӣ мекунад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бояд ин талошҳоро пуштибонӣ намояд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба мушкилоти асосии Афғонистон, кишту парвариши маводи мухаддир гуфт, дар ин замина бояд барномаи муштарак таҳия шавад. Ӯ гуфт, на танҳо кишти нашъа дар Афғонистон бояд иваз шавад, балки ба таври қотеъ аз вуруди прекурсорҳо низ бояд ҷилавгирӣ шавад. Ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба ширкаткунандагони ҳамоиш гуфт, "бо он ки нишастҳое дар мубориза алайҳи маводи мухаддир баргузор кардем, аммо боре ҳам масъалаи қочоқи прокурсорҳо ба Афғонистонро баррасӣ накардем. Чун дар Тоҷикистон ва Афғонистон коркарди саноати кимёӣ вуҷуд надорад, аммо тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон мояи тааҷҷуб аст.
Президенти Тоҷикистон мӯътақид аст, ки проблемаи маводи мухаддир дар Афғонистон мисли мубориза алайҳи терроризм талоши ҷомеаи ҷаҳониро талаб дорад ва ягон кишвар дар танҳоӣ наметавонад алайҳи маводи мухаддир ва терроризм мубориза кунад. Ҳамзамон раисиҷумҳури Тоҷикистон омодагии кишварашро барои кӯмаки иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон эълом кард ва изҳори умедворӣ кард, ки тасмимоте, ки дар ҳамоиши Душанбе гирифта мешавад, битавонад, дар ҳалли мушкилоти Афғонистон кӯмаку мусоидат кунад.
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар ин нишаст аз кулли кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои кӯмаку мусоидат дар сулҳу субот ва рушди иқтисодии ин кишвар изҳори сипос кард. Ӯ бо таваҷҷӯҳ ба мавқеи ҷуғрофии Афғонистон таъкид кард, ки ин кишвар дар сурати таъмини сулҳу субот ва пешрафт омили рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа хоҳад буд.
Ин буд, ки Ҳомиди Карзай ба зарфиятҳо ва имконоти Афғонистон ишора кард ва гуфт, роҳандозӣ ва сохтмони лӯлаҳои нафту газ ва ҳамчунин коркарди сарватҳои зеризаминӣ дар Афғонистон на танҳо барои ин кишвар, балки барои кулли минтақа муҳим мебошад. Ба ин далел, ӯ афзуд, фурсате аст, ки мо бештар ба иҷрои тасмимот кор бигирем ва саодату амниятро дар авлавият бигузорем ва барои рушду шукуфоии кишварҳоямон ва минтақа талош кунем.
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон бо таваҷҷӯҳ ба баргузории ҳамоиши Душанбе гуфт, "вазифаи мо кӯмак ба мардуму миллати Афғонистон аст." Аммо раисиҷумҳури Эрон аз мазлумияти мардуми Афғонистон ва таҷовузу хушунат алайҳи ин миллат изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бояд иллати мушкилот пайдо карда шавад ва танҳо дар ин сурат мушкилоти Афғонистон метавонад ҳал шавад.
Аҳмадинажод иллати аслии мушкили мардуму миллати Афғонистонро дар мудирияти НАТО ва мутаҳиддонаш унвон кард ва гуфт, "магар ин намунаи ҳоким бар Афғонистон ва дигар аз нукоти ҷаҳон нест?" Ба эътиқоди Аҳмадинажод, то замоне ки ин сиёсат вуҷуд дорад, расидан ба аҳдофи сулҳу субот мушкил аст.
Аммо бо ин ҳам президенти Эрон пешниҳод кард, ки бояд аз таърих ибрат бигирем ва дар кӯтоҳтарин муддат нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд ва иҷоза бидиҳанд, то миллату давлати Афғонистон худ дар кишварашон ҳоким бошад. Зеро ба таъкиди Аҳмадинажод, "бидуни тардид, мардуму давлати Афғонистон қодиранд, ки давлати худро идора кунанд."
Ҳамчунин раисиҷумҳури Эрон гуфт, "ба муддати даҳ сол, солона 25 дарсад аз ҳазинаи низомиёни хориҷӣ ва НАТО дар Афғонистон дар ихтиёри давлати Афғонистон қарор бигирад, ин ба манфиати ҳама хоҳад буд."
Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон гуфт, ин кишвар ба унвони ҳамсояи наздики Афғонистон ҳамеша дар канори миллату давлати афғон хоҳад буд. Ба таъкиди вай эҷоди шароити муносиб дар ҳама замина ва ваҳдати комили кишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад Афғонистонро ба сулҳу субот бирасонад.
Ҷаноби Зардорӣ нишасти Душанберо қадами муҳим ва ҷиддӣ дар роҳи расидан ба аҳдофи созанда барои рушду шукуфоии Афғонистон арзёбӣ кард ва изҳори умедворӣ кард, ки чунин иқдомот маҳаки ҳалли мушкилотии минтақаӣ ва ҷаҳонист.
Пас аз суханронии сарони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон қисмати расмии Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон ба поён расид. Интизор меравад, ширкатдорони ҳамоиш дар гурӯҳҳои алоҳида масоили мухталиферо дар заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон ба баррасӣ хоҳанд гирифт.