ҲНИТ мегӯяд, ҳарчанд дар Кӯлоб ҳазорҳо аъзову ҷонибдор дорад, вале номзадҳояш ҳеҷ раъйе ба даст наовардаанд.
Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ дар Кӯлоб алайҳи натиҷаи интихоботи маҷлиси шаҳрӣ эътироз карда ва гуфтаанд, дар робита ба тақаллуби интихоботӣ ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Дар пайи интихоботи миёндавраии маҷлиси шаҳрӣ, ки рӯзи гузашта дар ҳавзаи Кӯлоб доир шуд, Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдор ва Рустам Неъматов, муовини шаҳрдори Кӯлоб, ки ҳар ду ҳам аъзои Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистонанд, пирӯз шудаанд.
Ин интихобот дар пайи холӣ мондани ҷои вакилони собиқ Ҳамид Абдуллоев ва Пирмад Зарифов, шаҳрдори пешин ва муовини раиси ҳукумати Кӯлоб сурат гирифт. Дар канори номзадҳои ҲХДТ, намояндагони Ҳизби демократ ва Ҳизби наҳзати исломӣ низ рақобат карданд.
Аммо ба таъкиди Абдусамад Ғайратов, раҳбари созмони шаҳрӣ ва минтақаии ҲНИТ дар Кӯлоб, номзадҳои онҳо ҳатто як райъи интихобкунандагонро ба даст наовардаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Ғайратов, ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ҳазорон нафар аъзову ҷонибдор дорад.
Ҳамчунин ба таъкиди масъулони ин ҳизб нозирон дар қитъаҳои раъйдиҳӣ мавридҳои зиёди тақаллуби интихоботиро сабт кардаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ Абдусамад Ғайратов, раҳбари созмони шаҳрӣ ва минтақаии ҲНИТ дар Кӯлоб гуфт, онҳо нисбат ба тақаллуб дар интихобот ба додгоҳ шикоят мебаранд.
Ҳарчанд ба гуфтаи вай имрӯз чунин ниятеро анҷом доданӣ буданд, аммо таътили расмии идораҳои давлатӣ монеи ин кор шудааст. Дар зимн, маҷлиси шаҳрии Кӯлоб 40 узв дорад, ки аксарияти кулли он аъзои Ҳизби халқӣ-демократиянд.
Дар интихоботҳои қаблии маҷлиси маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагон, палати поёнии порлумони Тоҷикистон, дар шаҳр ва минтақаи Кӯлоб номзадҳои аҳзоби демократ, сотсиал-демократ ва наҳзати исломӣ ширкат кардаанд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо пирӯз нашудаанд.