Фатвои муфтии Саудӣ масеҳиёнро ба по хезонд

Шайх Абдулазиз Оли Шайх (чап) дар канори Малик Абдуллоҳ

Усқуфҳои масеҳӣ дар Олмону Австрия ва Русия фатвои муфтии намоёни Саудиро ғайри қобили қабул хондаанд.
Фатвои яке аз муфтиёни барҷастаи Саудӣ, ки дар он ба тахриби калисоҳо дар кишварҳои арабии минтақаи Халиҷи Форс даъват мешавад, бо интиқоди тунди усқуфҳо (роҳибон)-и масеҳии Олмон, Австрия ва Русия рӯ ба рӯ шуд.

Усқуфҳои католик дар Олмону Австрия бо судури баёнияҳои ҷудогона фатвои Шайх Абдулазиз Оли Шайхро маҳкум карда, онро нақзи ҳуқуқи миллионҳо тан аз коргарони хориҷӣ дар минтақа донистаанд. Аз сӯи дигар, раиси калисоҳои православ (ортодокс)-и руси хориҷ аз кишвар фатвои Оли Шайхро "нигаронкунанда" тавсиф кард.

Хабаргузории Reuters ба нақл аз сайтҳои масеҳӣ менависад, фатвои Оли Шайх ҳафтаи гузашта дар посух ба суоли яке аз намояндагони порлумони Кувейт дар хусуси имкони мамнӯияти бунёди калисо дар кишвараш баён шудааст. Оли Шайх дар посух ба ин суол гуфтааст, натанҳо бояд сохти калисо мамнӯъ шавад, балки калисоҳои мавҷуд бояд тахриб гарданд.

Раиси Кунгураи усқуфҳои Олмон дар ин хусус гуфтааст, "муфтии Саудӣ ҳеҷ эҳтироме барои озодии динӣ ва ҳамзистии пайравони адён (динҳо) қоил нашудааст."

Ӯ идома додааст, ки "тахриби андаки калисои мавҷуд зарбае ба коргарони хориҷии муқими кишварҳои арабии минтақаи Халиҷи Форс хоҳад буд." Камаш севуним миллион масеҳӣ дар кишварҳои арабии минтақаи Халиҷи Форс зиндагӣ мекунанд, ки аксари онҳо аз Ҳинду Филиппин ҳастанд. Шуморе зиёде ҳам аз атбои (шаҳрвандони) кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳида дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд.

Дар Арабистони Саудӣ сохти ибодатгоҳҳо, ба ғайр аз масҷид мамнӯъст. Вале дар Иморот, Қатар, Кувейт, Баҳрайн, Умон ва Яман калисоҳое барои ибодати масеҳиён вуҷуд дорад.

Аъзои Кунгураи усқуфҳои Олмон ин суолро матраҳ кардаанд, ки "чигуна мумкин аст, як муфтии Саудӣ чунин фатвое содир кунад? Мо ин суханонро мухолиф бо гуфтумони ҳоким бар Арабистони Саудӣ ва талошҳои подшоҳи он мебинем."

Дар солҳои ахир калисои католик аз кишварҳои мусулмон хост, ба ақаллияти масеҳӣ ҳуқуқи баробар бо мусалмонон дар баргузории маросими ибодаташонро бидиҳад.