Нахустин дафтари намояндагии Бонки миллии Покистон дар маркази шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.
Ин маросим бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раҳбарони Тоҷикистону Покистон сурат гирифт.
Осиф Алӣ Зардорӣ рӯзи гузашта (24-уми март) ба манзури ширкат дар барномаҳои ҷашнии "Наврӯзи байналмилалӣ-2012" ва "Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон" вориди Тоҷикистон шуд. Маросими ифтитоҳи намояндагии Бонки миллии Покистон пас аз мулоқоти рӯ ба рӯи Раҳмон ва Зардорӣ ва музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон дар Кохи Миллат, сурат гирифт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои покистонияш ифтитоҳи ин бонкро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои сафорати Покистон дар Тоҷикистон сармояи оинномавии ин бонк 50 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Намояндагии Бонки миллии Покистон барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон,ба хусус фаъолияти соҳибкорону тоҷирон, беҳбуди шуғл ва ҷорӣ кардани шаклҳои нави муосири хадамоти бонкӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба ин тартиб, 90 дарсади кормандони ин бонкро мутахассисони тоҷик ташкил медиҳанд.
Равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чанд соли ахир рӯ ба густариш буда, иҷрои тарҳҳои муштараки минтақаӣ дар меҳвари ин ҳамкориҳо қарор дорад. Иҷрои тарҳи CASA-1000, ки интиқоли барқ аз Тоҷикистон то Покистон тариқи Афғонистонро дар назар дорад, сари забонҳост.
Қарор аст, аз охирҳои моҳи март ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Исломобод-Душанберо низ шурӯъ кунад. Аммо ифтитоҳи намояндагии Бонки миллии Покистон дар Душанбе дар ҳолест, ки то кунун дар Тоҷикистон бахшҳое аз Бонки тиҷорати Эрон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ фаъол ҳастанд.