Озмуни палави беҳтарин дар шаҳри Чкаловск

Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд дар чаҳорчӯби таҷлили Наврӯз озмуни палави беҳтарин баргузор шуд. Ба иттилои хабаргузории Азия-плюс, миёни панҷ нафаре, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, Неъматҷон Ғозиев ба дарёфти ҷойи аввал муваффақ шуд.

Ба ҳайати ҳакамон ошпазҳои варзида ва табибон шомил буданд ва онҳо на фақат ба маззаи ин таоми миллии тоҷикон, балки ба тарзи омода кардани он ҳам таваҷҷуҳ намуданд.

Ғолиби озмун Неъматҷон Ғозиев барои туйи суннатии 20 кудак аз хонаводаҳои камбизоат оши палав пӯхт.