Дар ин рӯзҳо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон маҳфилҳои наврӯзӣ идома дорад.
Бо назардошти ин, ки мардуми дорои Наврӯз дар тамоми қитъаҳои олам ба сар мебаранд, шояд ҳақ дорем бигӯем, ки ин ҷашн воқеан хусусияти ҷаҳонӣ гирифтааст.
Баъд аз эълони “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба ҷуз аз миллатҳои дорои Наврӯз ин ҷашн дар миёни мардумони дигар низ мавқеъ пайдо мекунад. Шумораи зиёди муҳоҷирони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳову вилоятҳои Русия бо баргузории маросимҳои вижа ин ҷашни пурарзиши зеботарин фасли солро ба мардуми таҳҷоӣ муаррифӣ карданд.
Фаррух Мирзоев-раҳбари ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург бо номи “Сомон” мегӯяд, дар вилояти Свердлов Наврӯзро ба ҷашнҳои расмӣ дохил кардаанд:
Мирзоев: Дар толори донишгоҳи кӯҳии шаҳри Екатеринбург намояндагони миллатҳои дигар, аз ҷумла озариҳо, бошқирдҳо, тоторҳо, қирғизҳо, узбакҳо, қазоқҳо ва миллатҳои дигар як ҷо бо тоҷикон гирдиҳам омаданд. Мо бо онҳо ба таври анъанавӣ ин идро ҷашн гирифтем. Ҷашн дар сатҳи баланди ҳукумати вилоят баргузор шуд, намояндагони онҳо ҳам ширкат доштанд. паёми губернатори вилояти Свердловро ба ширкаткунандагони ҷашн қироат карданд. Вай ба таври расмӣ ҳамаи ширкаткунандагонро бо ҷашн табрик кард. Аз номи намояндагии президент дар вилояти Свердлов низ табрик фиристоданд. Дар ин паёмҳои табрикӣ ёдоварӣ мешуд, ки Наврӯз ҷашни анъанавии вилояти Свердлов аст ва ба назари ман сол то сол он дар вилояти мо ба яке аз ҷашнҳои байналмиллалӣ табдил меёбад.
Суол: Созмондиҳандагони ин ҷашн киҳо буданд?
Мирзоев: Созмондиҳандагони ин ҷашн ҷамъияти тоҷикони мо буд, ки номаш “Сомон” аст. Моро консулгарии генералии ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин вилоят дастгирӣ карданд. Имсол, ки ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар Душанбе баргузор мешавад, онҳо низ дар ҷашни Наврӯзи мо саҳм гузоштанд. Мо як ҷо бо онҳо гӯшаи Тоҷикистонро ташкил кардем ва намунаҳои осори ҳунари дастии тоҷиконро ба намоиш гузоштем.
Суол: Оё намояндагони миллатҳои дигар ҳам барномаҳои консертии худро дар ин ҷашн ба мардум пешкаш карданд?
Мирзоев: Бале, миллатҳое, ки ман номбар кардам, намояндагонашон барномаҳо доштанд ва аз онҳо низ як нафарӣ ҳунари миллии худро нишон доданд. Онҳо низ гӯшаҳои этнографии худро доштанд. Онҳо низ ғизоҳои миллӣ худро пешкаш карданд. Вале аксарияти базми наврӯзӣ дар ихтиёри ҳунармандони тоҷик буд. Баъзе ҳунармандони мо дар консерваторияи шаҳри Екатеринбург таҳсил мекунанд, онҳо барномаҳо доштанд. Гурӯҳи ҳунарии назди ҷамъияти “Сомон” низ рақси зебои “аспак”-ро иҷро карданд.
Суол: Солҳои пеш дар ҷашни Наврӯз дегҳои хӯрокҳои миллиро ба ҷӯш меоварданд, имсол ҳам ин анъанаро такрор кардед?
Мирзоев: Бале, мо таомҳои миллиро овардем, вале гузоштани дег имкон надошт. Таомҳоро дар табақҳои калон-калони миллӣ оварда будем.