Кохи Сафед эълон кард, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳафтаи оянда аз хатти марзи байнни Кореяҳои шимоливу ҷанубӣ боздид хоҳад кард. Раҳбарони вақти Амрико Роналд Рейган ва Билл Клинтон низ дар солҳои 80 ва 90 аз минтақаи ғайринизомии байни ду Корея дидан карда буданд. Боздиди Обама аз ин хатти марз нуқтаи аввали сафари серӯзаи ӯ ба Кореяи ҷанубӣ буда, дар ҳоле сурат мегирад, ки Кореяи шимолӣ ахиран ҷиҳати қатъи бархе фаъолиятҳои ҳастаӣ ва озмоиши мушакҳояш тавофуқ кард. Обама дар Сеул дар нишасти сарони 53 қудрати ҳастаии дунё низ ширкат варзида, бо раҳвбарони Чину Русия мулоқот хоҳад кард.