Намояндаи баландпояи Тоҷикистон гузориши Кумиссюни Иёлоти Муттаҳида дар умури озодии динро рад кард. Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, муаллифони гузориш шароити хосси Тоҷикистонро ба назар нагирифтаанд: “Назари онҳо дигар аст, назари мо дигар аст. Сатҳи менталитети мардуми мо дигар аст. Расму таомули мо дигар аст. Фарқ дорад. Масалан, он чӣ, ки дар давлатҳои пешрафтаи Ғарб таомул шудааст, мо яку якбора наметавонем онро қабул кунем”. Кумиссюни Иёлоти Муттаҳида дар умури озодии динро дар гузориши имсолаи хеш Тоҷикистонро ба феҳрасти вайронкунандагони ҳуқуқҳои динӣ шомил кард ва мегӯяд, дар давоми соли 2011 дар ин кишвар тақрибан 50 масҷид баста шуда, фаъолиятҳои мустақили динӣ, таълими хусусӣ, ширкати ҷавонони то 18-сола дар маросимҳо манъ гаштаанд.