Амрико дар пайи рахнаи “девори электронӣ”-и Эрон

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама аз чораҳои нави ҳукуматаш зидди “девори электронӣ”-и Эрон хабар дод. Дар паёми наврӯзияш ба мардуми Эрон, Обама гуфт, ин эрониҳо ҳамчун мардуми дорои таърихи қадимӣ ва фарҳанги оламшумул ба иттилои озод ҳақ доранд. Дар ин байн Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида ҷузъиёти нармафзорҳои наверо шарҳ дод, ки қарор аст, ба Эрон фиристода шаванд. Ин ниҳод мегӯяд, таҳримҳои зидди Эрон набояд ба ширкатҳое, ки мардуми ин кишварро бо абзори мухобиротӣ таъмин мекунанд, зарба зананд. Талошҳои нави Иёлоти Муттаҳида дар ҳоле сурат мегиранд, ки ҳукумати Эрон дастрасии шаҳрвандонро ба интернет маҳдудтар ва назоратро ба он қавитар мекунад.