Парлумони Исроил бо тасвиби як қонун истифодаи тасвири моделҳои хеле лоғар дар рекламаро манъ кард. Вакилон мегӯянд, ҳадаф коҳиш додани парҳези беш аз ҳадд ва ташвиқи тасвири бадани солим аст. Бино бар ин қонун, афрод дар ғайри сурати мутобиқат ба меъёрҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт набояд ба ҳайси модел истихдом шаванд. Ин қонун истифодаи баданҳои «таҳрирхӯрда»-ро, ки бадани моделҳоро боз ҳам лоғартар намоиш медод, низ манъ мекунад.