Шӯрои Амнияти СММ имрӯз қатъномаеро ба баррасӣ хоҳад гирифт, ки Сурияро ба ҳамкории бештар даъват мекунад.
Ҳадаф аз ин талошҳо хатми хунрезӣ дар ин кишвари арабии Ховари Миёна аст, ки то имрӯз беш аз 8 000 кушта ба ҷо гузоштааст.
Ҷузъиёти тарҳи пешниҳодии Фаронса ҳанӯз дастрас нест. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав аз изҳороти Шӯрои Амният ё қатъномае, ки аз талошҳои Куфӣ Аннон пуштибонӣ мекунад, ҳимоят хоҳад кард. Аммо Лавров афзуд, ки ин қатънома набояд режими Сурияро мустақиман ҳадаф дошта бошад. Русияву Чин дар моҳи феврал ба қатъномаи Шӯрои Амният, ки саркӯбии эътирозҳо аз сӯи президенти Сурия Башор Асадро маҳкум мекард, вето гузоштанд.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун рӯзи сешанбе гуфт, хунрезиҳои Сурия бо беш аз 8 000 куштааш дар як сол ба як падидаи “ғайри қобили таҳаммул” табдил меёбанд: “Беш аз 8000 нафар кушта шуданд. Вазъ феълан ғайри қобили қабул ва ғайри қобили таҳаммул шудааст.”
Фиристодаи хос дар Сурия ва собиқ дабири кулли СММ Куфӣ Аннон аз Шӯрои Амният хост, то бо иттифоқи оро аз тарҳи ӯ барои хатми хунрезӣ дифоъ кунад. Ҷузъиёти тарҳи Аннон низ ҳанӯз нашр нашудааст.
Аммо бино ба гузоришҳои матбуотӣ, ин тарҳ хатми хушунат, дастрасии созмонҳои имдодӣ ба манотиқи ошӯбзада, раҳоии маҳбусони дар як соли охир дастгиршуда ва хуруҷи нирӯҳои амниятӣ аз нуқоти аслии эътирозҳои зидди режими Асадро дар бар мегирад.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи мухолифин, чирикҳои Артиши озодии Сурия баъди ду рӯзи ҳамлаи нирӯҳои давлатӣ аз шаҳри Дайруззор дар шарқи кишвар хориҷ шудаанд. Нирӯҳои давлатӣ, бино ба хабарҳо, ба тирборони манотиқи аҳолинишин дар шаҳрҳои ошӯбзадаи Ҳумсу Ҳамо ва дар Растон идома медиҳанд.