Креми "Ситорамоҳ" - ихтирои ду донишҷӯ дар Кӯлоб

Ситорамоҳи Муродалӣ ва Хиробони Манабӣ - ду донишҷӯи бахши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб – бо кумаки устодони донишгоҳ креми наверо бо ҷавҳари лимӯ ихтироъ карда, номашро “Ситорамоҳ” мондаанд. Алмосшоҳ Шоев, мудири шӯъбаи навовариҳои донишгоҳи технологӣ дар Кӯлоб ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки ин нахустини ихтироъи толибилмони кӯлобӣ нест. Донишҷӯёни бахши кӯлобии Донишгоҳи технологӣ қаблан 20 шиша атри “Накҳати Кӯлоб” сохтаанд, ки дар як они воҳид ба фурӯш рафтааст.