Филми эронии “Ҷудоии Нодир аз Симин” барандаи чаҳор ҷоизаи асосии Ҷашнвораи синемои Осиё дар Ҳонг Конг шуд. Коргардони филм, Асғари Фарҳодӣ, ки аввалин эронии барандаи Ҷоизаи Оскар барои беҳтарин филми хориҷист, ҷoизаи беҳтарин коргардони ҷашнвораи Осиёро гирифт. Филм ва филмнома низ беҳтарин шумурда шуданд. Бозигари нақши асосии зан дар ин филм Лайло Ҳотамӣ, ки ба ҷои Фарҳодӣ ҷоизаҳоро қабул кард, муваффақияти филмро “ифтихори мутлақ” хонд.