Дар поёни нишасти сарони Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё дар Маскав, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, кишварҳои узви ин иттиҳод то аввали соли 2015 созишномаи таъсиси Иттиҳоди Авруосиёро ба имзо хоҳанд расонд. Вай гуфт, таҳияи заминаҳои иттиҳоди нав фурсат мехоҳад. Изҳороти Медведев пас аз мулоқоти ӯ бо президентҳои Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Украина ва намояндаи Молдова садо дод. Арманистон, Молдова ва Украина дар ҳамоиши мазкур ба ҳайси нозир ширкат доштанд. Нишасти навбатии сарони Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё дар моҳи май баргузор мешавад.