Мақомоти Фаронса мегӯянд, дар як тирандозӣ дар назди як мактаби яҳудиён дар шаҳри Тулуза дасти кам чаҳор нафар аз ҷумла се кӯдак кушта шуданд. Дар ин ҳамлаи субҳи душанбе чандин нафари дигар захм бардоштаанд ва вазъи яке аз онҳо ҷиддӣ будааст. Пулиси Фаронса дар пайи фарди мотосиклсаворест, ки баъди тирандозӣ аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Пештар аз ин дар рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта як марди мотосиклсавор дар ду ҳамлаи алоҳида се сарбози фаронсавиро кушта ва як тани дигари онҳоро захмӣ кард. Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, доир ба иртиботи тирандозии рӯзи душанбе ва ҳодисаҳои гузашта ҳоло сухан гуфтан барвақт аст.