Созмони Авфи Байналмилал, иддаъо кардааст, Паймони НАТО талаф шудани ғайринизомиён дар ҳамлаҳои ҳавоии паймон ба Либияро таҳқиқ накарда ва ба хонаводаҳои қурбониён ҷубронпулӣ надодааст. Авфи Байналмилал мегӯяд, санадҳоеро дар даст дорад, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои НАТО ба шаҳрҳои Троблус, Злитен, Маҷир, Сирт ва Брега 55 ғайринизомӣ, аз ҷумла 30 зану кӯдак кушта шудаанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, агарчӣ НАТО барои роҳ надодан ба марги ғайринизомиён дар Либия талоши бисёре кардааст, аммо то кунун нақши худ дар марги ғайринизомёнро таҳқиқ накардааст. Паймони НАТО бо ҳимоят аз шӯришиёне, ки зидди ҳукумати Муаммар Қаззофӣ меҷангиданд, ҳазорон маротиба нерӯҳои тарафдори ин диктатори Либияро ҳадаф гирифта буд.