Вазири умури хориҷии Русия гуфт, нерӯҳои таҳти сарварии НАТО набояд дар хуруҷ аз Афғонистон шитоб кунанд. Дар мусоҳиба бо телевизиони “Тулӯъ”-и Афғонистон, Сергей Лавров, афзуд, ин нерӯҳо бояд замоне берун шаванд, ки ниҳодҳои давлати Афғонистон ба таъмини амният қодир бошанд. Нерӯҳои таҳти сарварии НАТО қарор аст, то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд.