Ҳафт пешниҳоди наврӯзӣ ба Наврӯзбоварон

Наврӯз дар Курдистони Ироқ, 21-уми марти соли 2011.

Дар қарори Маҷмаи умумии СММ, гуфта мешавад беш аз 300 миллион инсон Наврӯзи беш аз сеҳазорсоларо ид мекунанд.
Наҷми Ковиёнӣ, Амстердам

Пас аз солҳо талош саранҷом Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар остонаи поёни ҳазорумин соли сароиши "Шоҳнома", дар нишасти рӯзи 23-юми феврали соли 2010, бо тасвиби қатъномае 21-уми мартро ба унвони “Рӯзи байнулмилалии Наврӯз” ба расмият шинохт ва онро дар тақвими худ ҷой дод. Пеш аз ин тасмим, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милал (ЮНЕСКО) ҷашни Наврӯзро дар 20-уми сентябри соли 2009 мероси маънавии ҷаҳон эълон карда буд.

Аммо ин қадамҳо чӣ тағйире пеш овард? Як дигаргунӣ ин аст, ки имрӯз бархе аз шаҳрҳои Аврупо, Амрико ва Канада дар Наврӯз барномаҳои вижа баргузор мекунанд ва шуморе аз раҳбарони кишварҳо ва ниҳодҳо паёмҳои наврӯзӣ мефиристанд, аз баракати технологияҳои пешрафта садҳо тарона ва филм, шеъру мақола дар Интернет қобили дастрасист. Ҷуғрофиёи Наврӯз аз ин баъд рӯ ба густариш дорад. Ман ҳадс мезанам ва орзу дорам, ки як харита ё нақшаи Наврӯз дар ҷаҳон таҳия бишавад, то паҳнои, ба истилоҳ, Наврӯзистонро бубинем ва шоҳид шавем, ки бо гузашти ҳар сол кишварҳои тоза ба ин қаламрави фарҳангӣ мепайванданд ва акнун Наврӯз аз они ҳама касонест, ки онро ҷашн мегиранд.

Ҷашни шодмона бо оғози баҳор, оғози фасли кишт ҳамзамон аст ва он лаҳзаи кайҳонист, ки дарозии шабу рӯз бо ҳам баробар мешаванд. Доштан ва барпоии рӯзҳои шодмона ва зистан дар канори табиат чӣ хушбахтии бузург аст! Наврӯз паёмовари шодӣ ва умед аст ва ханда бар лаб менишонад. Ба бовари нигоранда, шояд ҳеҷ рӯз ва ҷашн ба андозаи Наврӯз шодиофарин ва шӯрангез, навидбахш ва омӯзанда, густарда ва ҳамагонӣ набошад.

Наҷми Ковиёнӣ

Наврӯз нишонае аз пайкори нур ва зулмот, намоди офариниши муҷаддади табиат, растохези баҳор, муждаи шукуфа ва борон, ҷашни такопӯ ва кор, паёмовари ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, рамзи ҳувияти фарҳангӣ ва ҳамосаи миллист, ки дар жарфои равони инсони ҷомеаи мо рахна кардааст ва дар баробари ҳама тундбодҳои фарҳангбарандозона ва кинатӯзона устувор мондааст. Барпоӣ ва талош дар амри зинда нигаҳ доштан ва шукуфоии ҳарчӣ бештари Наврӯз бахше аз мубориза барои мондагорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ, пайванддиҳандаи имрӯз ва дирӯзи мардуми мост.

НАХУСТ ин ки барг-барги таърих гувоҳ аст, ки ҳавзаи тамаддунии мо Наврӯзро аз солиёни дарозе ба унвони ҷашни бостонӣ ва мардумӣ, меҳанӣ ва ҳамагонӣ баргузор мекунанд. Аммо дареғо, ки нигаҳдорӣ ва пуштибонии қонунӣ аз Наврӯз ба унвони ҷашни миллӣ матраҳ ва сабт нашудааст, ки бояд шавад.

ДУВУМ ин ки дар баъзе кишварҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзи бостонӣ як рӯз таътили расмӣ аст, ки андак ба назар мерасад. Ба фикри нигоранда, камаш се рӯз муносиб аст.

СЕВУМ ин ки номгузории хиёбонҳо, маҳалҳо, дабистонҳо... ба номи Наврӯз ва поягузории Наврӯзгоҳ дар кишварҳое, ки Наврӯзро баргузор мекунанд. Шомил сохтани Наврӯз, пешина ва ҷойгоҳи он, ойин ва одоби он дар нисоби дарсии ин кишварҳо.

ЧОРУМ ин ки Наврӯз дар ҳоле ки ҷуғрофиёи бузургеро мепӯшонад, аммо ҳанӯз “атласи ҷуғрофиёи Наврӯз” надорем. Бовар ба ин аст, ки барпоии намоишгоҳи Наврӯз дар сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ, танзим ва тартиби атласи Наврӯз яке аз роҳҳои мумкин ва муносиби нигаҳдории ин ганҷинаи таърих шифоҳӣ ва мероси бузург фарҳангӣ ва маънавӣ дар қаламрави Наврӯз аст.

ПАНҶУМ ин ки бознигарӣ ва бозандешӣ бар ойин ва одоби наврӯзӣ ниёзи ҳол ва оянда аст. Аз ин рӯ муфид аст, ки нигоҳе тозаи инсоншинохтӣ ва устурашиносии Наврӯз афканд ва дар заминаи пешина ва реша, одоб ва ойини наврӯзӣ ва таъсири он ба равону фарҳанги ҷомеа пажӯҳиши тозаро анҷом дод. Умед бар ин аст, ки ба ҳиммат ва талоши пажӯҳишгарон ва ҷомеашиносон дар ҳавзаҳои боло бо истифода аз матнҳои мӯътабари таърихӣ ва пажӯҳишҳои майдонӣ мутолеот ва баррасиҳои тоза анҷом ёбад.

ШАШУМ ин ки баргузории базми шеър, достон, танз, пажӯҳиш ва намоишгоҳҳои наққошӣ, филм, акс, корҳои дастӣ ва ғайра беш аз ҳама тавассути ниҳодҳои фарҳангӣ дар миёни кишварҳои минтақа аз ҷумла миёни се кишвари форсизабон ҳамроҳ бо пешкаш кардани ҷоизаҳои наврӯзӣ ба беҳтаринҳо, аз як сӯ зарфияту тавоноии падидаи табиӣ-инсонии Наврӯзро намоён месозад ва аз сӯи дигар мӯҷиби шукуфоӣ ва дурахшиши ҳувияти фарҳангӣ ва маънавии мардуми мо мегардад.

ҲАФТУМ ин ки тақвияти ҳарчӣ физояндаи талоши муштараки ҳама Наврӯзистон дар ростои огоҳӣ додан ҳарчӣ бештар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба Наврӯз, то ин ки Наврӯз ҳарчи бештар дар ҷаҳон ҷойгоҳе боиста ва шоистае биёбад.

Наврӯзатон пирӯз бод!