Сухангӯи расмии давлати Ироқ гуфт, барои интиқоли аслиҳа аз тариқи ин кишвар ба Сурия иҷоза нахоҳанд дод.
Бино ба гузориши хабаргузории давлатии Ироқ, сухангӯи ин кишвар дар баёнияе таъкид кардааст, ки "то кунун интиқоли аслиҳа, чӣ аз роҳи заминӣ ва чӣ ҳарими ҳавоии Ироқ, ба Сурия аз ҷониби ҳеҷ кишваре сурат нагирифтааст." Ӯ афзудааст, "ҳамчунин иҷозаи интиқоли силоҳҳо ё нерӯҳои мусаллаҳро ба Сурия аз марзи худ нахоҳем дод."
Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ ҳам рӯзи ҷумъа (16-уми март) таъкид карда буд, ки Бағдод ба иҷрои сиёсатҳои худ дар "хушк" кардани сарчашмаҳои хушунату силоҳ, ба вижа дар хусуси Сурия идома медиҳад.
Дар баёнияе, ки давлати нахуствазири Ироқ нашр кард, Моликӣ дар посух ба хабарнигори яке аз рӯзномаҳои маҳаллӣ гуфтааст, “Ироқ иҷоза нахоҳад дод, ки замин ё ҳавояш роҳраве барои убуру мурури аслиҳа аз сӯи ҳар тараф бошад.”
Ӯ идома додааст, “Ироқ бар пояи мухолифат бо низомӣ кардани бӯҳрони Сурия ва таъкид бар ҳаллу фасли сиёсии он устувор аст ва то битавонад ба андозаи тавон аз манофеи мардуми ин кишвар посдорӣ карда, монеъ аз хунрезии бештар бишавад.”
Ин ҳарфҳои Моликӣ дар посух ба суханони масъулони давлатии Амрико ироа шуда, ки аз интиқоли эҳтимолии аслиҳа аз ҳарими ҳавоии Ироқ ба Димишқ ибрози нигаронӣ карда буданд.
Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, як рӯз пеш аз ин аз эҳтимоли ирсоли аслиҳа ба Сурия аз тариқи осмони Ироқ изҳори ташвиш кард. Нуланд дар ин бора гуфт, "бо кишвари Ироқ дар ин бора гуфтугӯҳое оғоз кардаем. Таъкид мекунем, ки иҷоза додан ба содироти аслиҳа ё ҳар колои муртабит ба Эрон нақзи қатъномаи 1767-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст."