Алексей Навалний яке аз раҳбарони ҷунбиши эътрозии зидди Владимир Путин-нахуствазири Русия барои нақзи қонун дар бораи баргузории тазоҳуроту ҳамоишҳо ҷарима шудааст. Навалний 1000 рубли русӣ ҷарима шуд, ки он ба 34 доллар баробар аст. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав ҳукм содир кардааст.
Додгоҳ мегӯяд, гуноҳи Навалний ин будааст, ки вай ба дархостҳои такрор ба такрори кормандони интизомӣ дар бораи тарк кардани майдони ба номи Пушкини Маскав гӯш надодааст. 5 марти соли равон дар ин майдон нируҳои мухолифон бар зидди интихоби такрории нахуствазир Владимир Путин ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ тазоҳуроти эътирозӣ анҷом доданд.
Алексей Навалний дар вокуниш ба ин ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки вай мехоҳад бар зидди чунин ҳукм шикоят барад. Навалний бо нашри мавод дар бораи ришвахорӣ дар торнамои худ дар Русия шӯҳрат пайдо кардааст. Вайро ҳамчунин яке аз созмондиҳандагони тазоҳуроти эътирозии зидди натиҷаҳои интихоботи порламонии моҳи декабр ва тазоҳуроти 5 март дар Русия мешиносанд.