Марди афғон баъди талоши ҳамла даргузашт

Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, ки як марди афғон аз ҷароҳатҳои сӯхта даргузаштааст. Вай талош кардааст, ки дар ҷараёни боздиди Леон Панетта-вазири дифои Амрико аз Афғонистон мошинро ба сӯи нируҳои дарёии Амрико биронад. Ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе дар пойгоҳи вилояти Ҳилманд рух додааст. Генерал Куртис Скапароттӣ-муовини фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон мегӯяд, ин мард, ки барои нируҳои хориҷӣ тарҷумон кор мекард, ба эҳтимоли зиёд дар мошинаш зарфи бензин доштааст ва он оташ гирифтааст.