Шуморе аз донишҷӯёни салафии донишгоҳи Қоҳира монеи намоиши филми "Ҷудоии Нодир аз Симин" шудаанд.
Ин иқдоми донишҷӯён бо эътирози рӯшанфикрон ва ҳунармандони мисрӣ рӯбарӯ шудааст. Филми "Ҷудоии Нодир аз Симин", сохтаи Асғар Фарҳодӣ, чанд ҷоизаи байнулмилалиро ба худ ихтисос додааст, ки охирини онҳо ҷоизаи "беҳтарин филми хориҷӣ" дар ҷашнвораи Оскари соли 2012 мебошад.
"Ҷабҳаи навоварӣ", ки гурӯҳи рӯшанфикрон ва ҳунармандони мисриро дар бар мегирад, бо нашри баёнияе ҷилавгирӣ аз намоиши филми "Ҷудоии Нодир аз Сиимин" дар донишгоҳи Қоҳираро ҳодисае таассуфбор тавсиф кардааст.
Дар ин баёния омадааст, "баҳс бар сари нақши синамо ва ҳунар дар рушди андеша, салиқа ва навовариҳои фикрӣ баҳси бадеҳӣ аст, ки танҳо вақт ва энержиро ҳадар медиҳад. Он ҳам дар Мисре, ки 40 сол пеш даромад аз ҳисоби синамо дар садри даромадҳои он буд."
"Ҷабҳаи навоварӣ" дар баёнияи худ афзудааст, "таассуфбор аст, ки бихоҳем дар бораи ҷилавгирӣ аз намоиши филме сухан бигӯем, ки муваффақ ба касби ҷоизаи Оскар шудааст. Масъала инҷост, ки ин як филми Эрон аст ва вуҷуди саҳнаҳои хилофи иффат дар он маҳол аст. Дар синамои Эрон ба занҳо иҷозаи нишон додан мӯйҳои худ ё тамос бо мардонро намедиҳанд."
Дар идомаи баёния мехонем, "ҷараёнҳои тундрав дар донишгоҳҳои мо ба он андоза нуфуз кардаанд, ки дар ҳоли густариши торикӣ ҳастанд. Дар ҳоле ки донишгоҳ бояд барои густариши рӯшноӣ бошад."
Гурӯҳи рӯшанфикрон ва ҳунармандони мисрӣ аз масъулони донишгоҳи Қоҳира хостаанд, то дар фаъолияти гурӯҳҳои тундрав бознигарӣ кунад. Гурӯҳҳое, ки ба бовари онҳо, монеи баргузории ҷашнвораҳои ҳунарӣ ва нишастҳои фикрӣ дар донишгоҳҳо мешаванд.