Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷудоии Нодир аз Симин" Оскарро фатҳ кард


“Ҷудоии Нодир аз Симин”-и коргардони эронӣ ҷоизаи имсолаи “Оскар” барои беҳтарин филми хориҷиро ба даст овард.

Асғар Фарҳодӣ, коргардони эронӣ, ҳангоми дарёфти ин ҷоиза гуфт, рониҳои зиёде дар саросари ҷаҳон дар ҳоли тамошои ин лаҳзаанд ва тасаввур мекунам, ки хушҳоланд. На фақат ба хотири як ҷоизаи муҳим, як филм ё як филмсоз. Онҳо хушҳоланд чун дар рӯзҳое, ки миёни сиёсатмадорон сухан аз ҷанг, таҳдид ва хушунат меравад, номи кишварашон Эрон аз даричаи бошукӯҳи фарҳанг ба забон меояд. Фарҳанги ғанӣ ва куҳан, ки зери ғубори сиёсатҳо пинҳон мондааст."

Ҷаноби Фарҳодӣ дар идома афзуд, “бо ифтихор ин ҷоизаро ба мардуми сарзаминам тақдим мекунам. Мардуме, ки ҳама фарҳангҳо ва тамаддунҳоро эҳтиром мегузоранд ва аз душманӣ ва кина безоранд.”

Ин дувумин филми эронист, ки ба “Оскар” пешбарӣ шудааст ва ҳам нахустин филми эроние, ки барандаи ин мӯътабартарин ҷоизаи синамои ҷаҳонӣ шуд.

“Ҷудоии Нодир аз Симин” достони зану шавҳарест, ки ҷудошавии онҳо ба суннатҳо, қавонин ва муносиботи зану мард дар Эрони имрӯз гиреҳ хӯрдааст.

Ифтихори эрониён аз ҷоизаи "Ҷудоии Нодир аз Симин"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00
XS
SM
MD
LG