Кормандони гумруки Суғд дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд аз даруни меваи хушк беш аз 15 кило ҳероинро кашфу мусодира кардаанд. Қочоқгарон ин миқдор ҳероинро дар 22 халтаи хушкмева, дар қисмҳои хурд-хурд дохили чормағзу олуи хушк ҷой карда, мехостанд ба Русия интиқол диҳанд. Ба маълумоти идораи гумруки Суғд соҳиби бор як сокини 36-солаи ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара, буда, замони кашфи ҳероин ҳузур надоштааст ва мақомот чораҳоеро ҷиҳати боздошти вай рӯи даст гирифтаанд. Дар мавриди ин ҳодиса мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудаст.