Барак Обама ва Девид Кемерон дар бораи вазъи Афғонистону Сурия ва барномаи ҳастаии Эрон сӯҳбат карданд.
Дар нишасти хабарии муштарак раисиҷумҳури Амрико ва нахуствазири Бритониё ба комёбиҳо дар эътидоли авзоъ дар Афғонистон низ таъкид карданд.
Обама гуфт, ҷадвали хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон то охири соли 2014 ҳамано пойбарҷост ва, қарор аст, то он замон ҳама манотиқи кишвар таҳти назорати нерӯҳои маҳаллӣ қарор бигиранд. Ӯ афзуд, “тақрибан нисфи афғонҳо айни ҳол дар вилоятҳое ба сар мебаранд, ки масъулиятро нерӯҳои амниятии афғон бар ӯҳда гирифтаанд. Имрӯз нахуствазир ва ман бори дигар тарҳеро таъйид кардем, ки қаблан бо ҳампаймонҳоямон дар Лиссабон пазируфта будем.”
Сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръони маҷид дар пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар Багром ва куштори 16 сокини осоиштаи ду рустои Қандаҳор аз сӯи як сарбози амрикоӣ сару садоҳоро дар мавриди имкони хуруҷи қабл аз вақти нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба миён овард. Амрико ва Бритониё - ду кишвари аслии ширкаткунандаи амалиёти мусоидат ба таъмини амният дар Афғонистон таҳти фармони НАТО маҳсуб мешаванд.
Барак Обама ва Девид Кемерон рӯи мавзӯи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон ва таҳримҳои Ғарб ба хотири ҷилавгирӣ аз сохтани силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Эрон ҳам тамаркуз карданд. Обама изҳор намуд, ки имкони аз роҳи дипломатӣ ҳал кардани қазияи барномаи ҳастаии Эрон ҳарчӣ камтар мешавад ва фишор болои Теҳрон бояд идома ёбад. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта Эрон бо ҳар баҳона чанд бор музокирот оид ба барномаи ҳастаияшро ба замони дигар мавқуф гузошт ва аммо барои ҳалли мушкил коре анҷом надод.
Барак Обама афзуд, “мо барои аз роҳи дипломатӣ ҳал кардани вазъ ҳама корро анҷом медиҳем ва аммо билохира бояд бо касе музокирот кард, нафаре зарур аст, ки ба мушкил ба таври ҷиддӣ бархӯрд мекунад. Умедворам, режими Эрон дарк мекунад, ки ин роҳи беҳтар аст.”
Девид Кемерон ҳам аз Теҳрон хост, ки бо кишварҳои ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаияш ба таври ҷиддӣ вориди гуфтугӯ шавад.
Бӯҳрон дар Сурия низ дар меҳвари гуфтугӯи сарони Амрикову Бритониё қарор дошт, ки он ҷо, ба иттилои Созмони Милал (СММ), тайи як соли хушунату нооромӣ ва даргириҳо беш аз 8 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Девид Кемерон бо ёдоварӣ ба мухолифати Русия ба қатъномаҳои СММ оид ба Сурия гуфт, агар Маскав мавқеи худро тағйир медод, оқилонатар мебуд. Ӯ афзуд, “ҳар рӯз дар телевизор дидани одамони оғуштаи хун, дилшикаста ва аз сӯи режим ба таври ваҳшиёна кушташуда ба манфиати онҳо нест.”
“Аҷобати кор ин аст, ки мардуми Сурия ҳамеша русҳоро дӯстони худ мепиндоштанд ва ба мардуми Ғарб бо назари шубҳа менигаристанд. Ҳоло мебинанд, ки ғарбиҳо мехоҳанд ба онҳо ёрӣ расонанд, мушкилашонро ҳал намоянд, оламиёнро барои ҳалли ин мушкил даъват мекунанд ва мо мехоҳем мутмаин бошем, ки Русия ҳам ба мо ҳамроҳ мешавад”,-изҳор намуд Девид Кемерон.
Дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди имкони дар фазои Сурия ташкил кардани ҳарими ҳавоии мамнӯъ барои парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ, таҷрибае, ки аз он соли гузашта дар Либия кор гирифта шуд, Обама гуфт, ӯ мухолифи дахолати низомист, зеро он боиси ҷанги шаҳрвандӣ ва талафоти бештар хоҳад шуд.