Як рӯзномаи исроилӣ рӯзи панҷшанбе (8-уми март) навишт, Иёлоти Муттаҳида ба Исроил пешниҳод додааст, ки силоҳҳои пешрафтаро дар ихтиёри Телавив қарор хоҳад дод, ба шарте, ки Исроил дар соли ҷорӣ ба Эрон ҳамла набарад.
Бар асоси гузориши рӯзнома, Бенямин Нетаняҳу ва Барак Обама мувофиқат кардаанд, дар соле, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар ҷараён аст ва Обама номзади Ҳизби демократ мебошад, Исроил ба танҳоӣ барои ҳамла ба Эрон иқдом нахоҳад кард.
Рӯзномаи исроилӣ менависад, дар баробари ин, Обама розӣ шудааст, ҷангандаҳо, ҳавопаймоҳои мудерн (замонавӣ)-и сӯхтрасон ва бомбаҳои сангини бештаре дар ихтиёри артиши Исроил бигузорад.
Рӯзнома мегӯяд, ин гузоришро бо истинод ба манобеи сиёсӣ ва низомии ғарбӣ мунташир кардааст.
Исроил таъкид дорад, ки дар сурати асарбахш набудани таҳримҳо ва фишорҳои ҷаҳонӣ бар Эрон ба манзури тағйири масири барномаҳои ҳастаии ин кишвар бояд таъсисоти ҳастаии он кишварро мавриди ҳамла қарор диҳад.
Нетаняҳу рӯзи чаҳоршанбе (7-уми март) дар бозгашт аз сафарҳои худ ба Канада ва Амрико дар фурудгоҳи Телавив гуфтааст, кишвараш қавӣ ва мустақил аст ва озодии амали хешро ҳифз мекунад ва дигар касе наметавонад монанди даврони бостон яҳудиёнро таҳдид кунад.
Вай дар ҳамоиши ташкили пурқудрати амрикоиҳои ҳомии Исроил низ гуфта буд, "дар мақоми нахуствазири Исроил ҳаргиз намегузорам, ки миллатам дар сояи таҳдид ба нобудӣ зиндагӣ кунад." Ба қавли Нетаняҳу, кишвараш наметаовнанд замони зиёде дар баробари Эрон сабр кунад.