Мақомоти Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон боздошт шудани сарҳангаш Равшанбек Мирзоаҳмадовро таъйид карданд, вале мегӯянд, то ҳол дар бораи ангезаҳои ин боздошт иттилоъе дарёфт накардаанд. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ин ходими собиқадор ва раҳбари раёсати ҷустуҷӯи фаврии ин ниҳод ҳанӯз 10 рӯз қабл бо иттиҳоми берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ боздошт шудааст. Ожонси зидди маводи мухаддир қаблан бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шудани 7 кормандашро таъйид карда буд.