Ғоратгаронро мусофиронро тирборон карданд

Дар вилояти Ҳамбела, воқеъ дар шарқи Ҳабашистон, бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба як автобуси мусофирбар 19 нафар ба ҳалокат расида, 8 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Волии Ҳамбела гуфт, ки ҳамлагарон аввал мусофиронро ғорат карда, сипас сӯи онҳо оташ кушодаанд. Ҷустуҷӯи ҷинояткорон идома дорад. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.