Шикоят аз болои Чин ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат

ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷопон аз болои Чин ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат барои он шикоят бурданд, ки содироти металлҳои нодири заминии барои фановариҳои нав заруриро коҳиш додааст. Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки Пекин қойидаҳои тиҷоратро пушти по задааст.

Узви Комиссиюни Аврупо оид ба тиҷорат Карела Гухта мегӯяд, ки коҳиши содироти ин металлҳо ба Чин имкон медиҳад, ки дар рақобат дар бозори фановариҳо бартарии ғайриодилона дошта бошад.

Лю Вэймин, намояндаи вазорати умури хориҷии Чин, дар посух ба ин иттиҳом гуфт, ки "истихроҷи металлҳои нодири заминӣ ба муҳити зист таъсири ҷиддӣ мегузорад. Ба хотири ҳифзи муҳити зист ва захираҳо ва ба хотири таъмини рушди муттасил мақомоти Чин стратегияро дар ин самт андаке тағйир доданд. Умедворем, ки ин мутобиқ ба қойидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат бошад".

Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба ин қазия ҳанӯз вокуниш нишон надодааст.