Дар ҳамлае 5 ҷангҷӯро дар Покистон куштанд

Маъмурони амниятии Покистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи як ҳавопаймои бидунир сарнишини Амрико дар як минтақаи қабоилнишини наздик ба марзи Афғонистон панҷ ситезаҷӯ кушта шудаанд. Ҳавопаймо рӯзи сешанбе ба мошине дар минтақаи Бармал воқеъ дар Вазиристони Ҷанубӣ мушак андохтааст. Ин минтақа як паногоҳи амне барои Толибони Покистон ва гурӯҳҳои шарики Ал-Қоида аст.